Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Диле, ки бастаи занҷири зулфи ёре нест,

Диле, ки бастаи занҷири зулфи ёре нест, Ба пеши аҳли назар ҳечаш эътиборе нест. Саре, ки нест дар ӯ коргоҳи савдое, Бa корхонаи айшаш сареву коре нест. Зи ақл баршикану завқи бехудӣ дарёб, Ки пеши зиндадилон ақл дар шуморе нест. Маломати мани мискин макун, ки дар раҳи ишқ Ба дасти ошиқи бечора ихтиёре нест. Дигар магӯй, ки ҳар баҳрро каноре ҳаст, Аз он ки баҳри ғами ишқро каноре нест. Зи шавқи зулфи бутон беқарору саргардон Манам, ки мисли ман ошуфтарӯзгоре нест. Агар зи мастию риндӣ Убайдро орест, Маро аз ин ду сифат ҳеч айбу оре нест.
Диле, ки бастаи занҷири зулфи ёре нест, | Шоирон