Сар нахонем, ки савдозадаи мӯе нест,
Сар нахонем, ки савдозадаи мӯе нест,
Одамӣ нест, ки маҷнуни парирӯе нест.
Ҳаргиз аз банди ғам озод нагардад он дил,
Ки гирифтори каманди сари гесӯе нест.
Қиблаам рӯйи бутон асту ватан - кӯи муғон,
Аҷаб аз муътакифи гӯшаи абрӯе нест.
Метавон домани васлат ба каф овард, вале
Эй дареғо, ки маро қуввати бозуе нест.
Ҳар мараз доруву ҳар дард илоҷе дорад,
Захми тири мижаро марҳаму доруе нест.
Сари мӯе натавон ёфт дар аъзои Убайд,
Ки дар ӯ новаке аз ғамзаи ҷодуе нест.