Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

На беҳ зи шеваи мастон тариқу роҳе ҳаст,

На беҳ зи шеваи мастон тариқу роҳе ҳаст, На беҳ зи кӯи муғон гӯшаеву ҷое ҳаст. Дилам ба майкада з–он мекашад, ки риндонро Кудурате наву бо якдигар сафое ҳаст. Зи кунҷи савмаа аз баҳри он гурезонам, Ки дар ҳаволии он бурё риёҳе ҳаст. Гарат ба дайри муғон раҳ диҳанд, аз он магзар, Қадам бинеҳ, ки дар он кӯча ошное ҳаст. Фароғат аз дили дарвеш ҷӯ, ки мустағнист Зи ҳар куҷо, ки амиреву подшоҳе ҳаст. Ба айш кӯшу мапиндор ҳамчу ноаҳлон, Ки умрро ивазу вақтро қазое ҳаст.
На беҳ зи шеваи мастон тариқу роҳе ҳаст, | Шоирон