Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Дӯшам ғами ту мулки сувайдо гирифта буд,

Дӯшам ғами ту мулки сувайдо гирифта буд, Дудам зи сина роҳи Сурайё гирифта буд. Ҷонро зи рӯйи лаъли ту дар танг омада, Дилро зи шавқи зулфи ту савдо гирифта буд. Медид шамъ дар ману месӯхт то ба рӯз, З-он оташе, ки дар мани шайдо гирифта буд. Аз дидаам хаёли ту маҳрум гашт боз, К-атрофи хонааш ҳама дарё гирифта буд. Мехост хуррамӣ, ки кунад дар дилам ватан, То ӯ расид, лашкари ғам ҷо гирифта буд. Сабр аз барам рамиду маро беқарор кард, Гӯӣ магар, ки хотираш аз мо гирифта буд. Мискин Убайдро ғами ишқат бикушт, аз он, к– Ӯро ғариб дидаву танҳо гирифта буд.