Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Зи ман мапурс, ки бар ман чӣ ҳол мегузарад,

Зи ман мапурс, ки бар ман чӣ ҳол мегузарад, Чу рӯзи васли туам дар хаёл мегузарад. Ҷаҳон баробари чашмам сиёҳ мегардад, Чу дар замири ман он зулфу хол мегузарад. Агар ҳалоки худам орзуст, манъ макун, Маро, ки умр чунин дар малол мегузарад. Хаёли меҳри ту дар чашми ҳар сиҳисарвест, Ки дар ҳаволияш оби зулол мегузарад. Зи бӯйи зулфи туам рӯҳ тоза мегардад, Сапедадам, ки насими шамол мегузарад. Ману висоли ту, он фикру орзу, ҳайҳот, Ки бар димоғ чӣ фикри муҳол мегузарад. Ғулому чокари рӯйи чу моҳи туст Убайд В-аз ин ҳадис басе моҳу сол мегузарад.
Зи ман мапурс, ки бар ман чӣ ҳол мегузарад, | Шоирон