Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Дардо, ки дарди мо ба давое намерасад

Дардо, ки дарди мо ба давое намерасад В-ин кори мо ба баргу навое намерасад. Дар корвони ғам чу ҷарас нола мекунам, Дар гӯши мо чу бонги дарое намерасад. Роҳе, ки меравем, ба поён намебарем, Ҷаҳде, ки мекунем, ба ҷое намерасад. Ин пойи хаста ҷуз раҳи ҳирмон намеравад В-ин дасти баста ҷуз ба дуое намерасад. Бap мо зи ишқи қомату болош як нафас Мумкин намешавад, ки балое намерасад. Ҳаргиз даме ба гӯши гадоёни кӯи ишқ Аз хони подшоҳ салое намерасад. Гуфтам: - Гадои кӯи туам. Гуфт, к-эй Убайд, Султоние чунин ба гадое намерасад.