Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Насими хоки Мусаллову оби Рукнобод

Насими хоки Мусаллову оби Рукнобод Ғарибро ватани хеш мебарад аз ёд. Зиҳӣ ҳуҷистамақомеву ҷонфизо мулке, Ки бод хиттаи олӣ-ш то абад обод. Ба ҳар тараф, ки равӣ, нағма мекунад булбул. Ба ҳар чаман, ки расӣ, ҷилва мекунад шамшод. Ба ҳар кӣ дарнигарӣ, шоҳидест чун Ширин, Ба ҳар кӣ даргузарӣ, ошиқест чун Фарҳод. Дар ин диёр дилам шаҳрбанди дилдорест, Ки ҷон ба талъати ӯ хуррам асту хотир шод. Сарам ҳавои ватан мепазад, валек дилам Зи банди зулфи сиёҳаш намешавад озод. Зи ҷаври сунбули кофармизоҷи ӯ афғон, Зи дасти наргиси ҷодуфиреби ӯ фарёд! Ғанимат аст, ғанимат шумор фурсати айш, Ки тан заифниҳод асту умр бебунёд. Бигир домани ёреву ҳар чӣ хоҳӣ, кун! Бинӯш бодаи софиву ҳар чӣ бодо, бод! Ба сӯйи бодаву най майл кун, ки мегӯянд: Ҷаҳон бар об ниҳода–сту одамӣ бар бод. Хуш аст нозу наими ҷаҳон, вале чу Убайд «Ғуломи ҳиммати онам, ки дил бар ӯ нанҳод».