Дилам зи ишқ табарро наметавонад кард,
Дилам зи ишқ табарро наметавонад кард,
Сабурӣ аз рухи зебо наметавонад кард.
Ғам аз даруни дили ман бурун намеояд,
Ки тарки маскану маъво наметавонад кард.
Ба рӯйи хуб маро дида равшан аст, вале
Ба ҳеч ваҷҳ муҳайё наметавонад кард.
Бирафт дӯш хаёлаш зи чашми ман, чӣ кунад,
Мақом бар лаби дарё наметавонад кард.
Ба сабр ком тавон ёфтан, валек чӣ суд,
Чу сабр дар дили мо ҷо наметавонад кард.
Убайд гаҳ-гаҳе аз баҳри маслиҳат мегуфт,
Ки тавба мекунам, аммо наметавонад кард.