Хушо касе, ки зи ишқаш даме раҳоӣ нест,
Хушо касе, ки зи ишқаш даме раҳоӣ нест,
Ғамаш зи риндию майлаш ба порсоӣ нест.
Дили рамидаи шӯридагони расвоӣ
Шикастаест, ки дар банди мӯмиёӣ нест.
Зи фикри дунйию уқбо фароғате дорад
Худошинос, ки бо халқаш ошноӣ нест.
Ғуломи ҳиммати дарвеши қонеам, к-ӯро
Сари бузургию савдои подшоӣ нест.
Муроди худ маталаб ҳар замон зи ҳазрати Ҳақ,
Ки бар дари карамаш ҳоҷати гадоӣ нест.
Ба кунҷи узлат аз он рӯй гаштаам хурсанд,
Ки дигарам ҳаваси суҳбати риёӣ нест.
Қаландарест муҷаррад Убайди Зоконӣ,
Ҳарифи хоҷагию марди кадхудое нест.