Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Лутфи ту аз ҳад бурун, ҳусни ту бемунтаҳост,

Лутфи ту аз ҳад бурун, ҳусни ту бемунтаҳост, Неши ту нӯши равон, дарди ту дармони мост. Ишқи ту бар тахти дил ҳокими кишваркушой, Меҳри ту бар мулки ҷон воливу фармонравост. Партави рухсори ту мояи меҳри мунир, Турраи пурчини ту сояи лутфи Худост. Наргиси фаттони ту луъбати мардумфиреб, Ғамзаи ғаммози ту ҷодуи муъҷизнамост. Аз ту ҳама саркашӣ в-аз тарафи мо ҳанӯз Рӯйи амал бар замин, дасти тамаъ бар дуост. Гар кушадат, эй Убайд, сар бинеҳу дам мазан, Одати хубон ситам, чораи ошиқ ризост.