Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Дорам буте ба чеҳраи сад моҳу офтоб,

Дорам буте ба чеҳраи сад моҳу офтоб, Нозуктар аз гули тару хушбӯтар аз гулоб. Раънотар аз шамоили насрин миёни боғ, Нозандатар зи сарви сиҳӣ бар канори об. Дар тоби ҳайрат аз рухи ӯ дар чаман суман, Дар хӯи хиҷлат аз лаби ӯ дар қадаҳ шароб. Хуршед дар ниқоби хиҷолат ниҳон шавад, Аз рӯйи ҷонфизош агар барфитад ниқоб... Фарёд аз он ду сунбули мушкини тобдор! Зинҳор аз он ду наргиси ҷодуи нимхоб! Ҳар гаҳ, ки зонуе занаду бодае хурад, Ман ҷон ба бод бардиҳам он лаҳза чун ҳубоб. Рӯзе, ки бо ман аст, ман он рӯз чун Убайд Аз айш баҳрамандаму аз умр комёб.