Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Дило, бо муғон ошноӣ талаб!

Дило, бо муғон ошноӣ талаб! Зи пири муғон рӯшноӣ талаб! Ба кунҷи қаноат гарат роҳ нест, Зи девонагон раҳнамоӣ талаб! Ва гар авҷи қудсат кунад орзу, Зи доми табиат раҳоӣ талаб! Агар орифӣ, роҳи майхона гир! В-агар аблаҳӣ, порсоӣ талаб! Давои дили хаста аз дард ҷӯй, Навои худ аз бенавоӣ талаб! Агар сад раҳат бишканад рӯзгор, Макун аз хасон мумиёӣ талаб! Убайд, ар гадоӣ, ғанимат шумор, В-агар подшоҳӣ, гадоӣ талаб!
Дило, бо муғон ошноӣ талаб! | Шоирон