Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Кард фориғ гули рӯят зи гулистон моро,

Кард фориғ гули рӯят зи гулистон моро, Куфри зулфи ту баровард зи имон моро. То хаёли қаду болои ту дар дил бигузашт, Хотир озод шуд аз сарви хиромон моро. Мо, ки дар ишқи ту ошуфтаву шӯрида шудем, Мекунад халқаи зулфи ту парешон моро. То ба домони висолат нарасад дасти умед, Даст кӯтаҳ накунад ашк зи домон моро. Дар раҳи Каъбаи васли ту зи по наншинем, Гарчи дар по шиканад хори мағелон моро. Эй Убайд, аз пайи дил чанд тавон рафт, охир, Кард савдои ту бас бесару сомон моро.