Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Мезанад ғамзаи мардафкани ӯ тир маро,

Мезанад ғамзаи мардафкани ӯ тир маро, Дӯстон, чист дар ин воқиа тадбир маро? Мани девона на онам, ки насиҳат шунавам, Панди пирона мадеҳ, гӯ, падари пир, маро. Манаму нолаи шабгир, бад-ин сон ки манам, Кай ба фарёд расад нолаи шабгир маро? Санамо, ишқи ту бо ҷон бадар ояд ночор, Чун фурӯ рафт ғами ишқи ту бо шир маро. Гар на занҷири сари зулфи ту бошад як дам, Натавон дошт дар ин шаҳр ба занҷир маро. Ҳалқаи зулфи ту дар хоб намуданд ба ман, Чуз парешонӣ аз он хоб чӣ таъбир маро? Даркашидам зи ҷаҳон рӯй, валекин чу Убайд Кард расвои ҷаҳон шеъри ҷаҳонгир маро.