Мекунад силсилаи зулфи ту девона маро,
Мекунад силсилаи зулфи ту девона маро,
Мекашад наргиси масти ту ба майхона маро.
Мутаҳаййир шудаам, то ғами ишқат ногоҳ
Аз куҷо ёфт дар ин гӯшаи вайрона маро.
Ҳаваси дурри буногӯши ту дорад дили ман,
Қатраи ашк аз он аст чу дурдона маро.
Давлате ёбам агар дар назари шамъи рухат,
Куштаву сӯхта ёбанд чу парвона маро.
Дарди сар медиҳад ин воизу мепиндорад,
К-илтифот аст бад-он беҳуда афсона маро.
Чора он аст, ки девонагие пеш орам,
То фаромӯш кунад воизи фарзона маро.
Аз майи меҳри ту то маст шудам ҳамчу Убайд,
Нест дигар ҳаваси соғару паймона маро.