Эй хату холи хушат мояи савдои мо,
Эй хату холи хушат мояи савдои мо,
Эй нафасе васли ту асли таманнои мо.
Чунки қадам мениҳад шавқи ту дар мулки ҷон,
Сабр бурун меҷаҳад аз дили шайдои мо.
Чатри ҳумоюни ишқ соя чу бар мо фиканд,
Роҳи ҳазимат гирифт ақли тунукрои мо
Аз рухи зебои хеш қиблагаҳи омро
Қиблаи дигар ниҳод дилбари тарсои мо.
Мардуми лӯливашем, мо киву масҷид кадом?
Роҳи харобот пурс, гар талабӣ ҷои мо.
Сӯфии афсурдаро заҳмати мо, гӯ, мадеҳ,
Рав туву меҳроби ту, мову чалипои мо
Ратли гаронро зи даст то наниҳӣ, эй Убайд,
З-он ки давон меравад умри сабукпои мо.