Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Дар мо ба ноз менигарад дилрабои мо,

Дар мо ба ноз менигарад дилрабои мо, Бегонавор мегузарад ошнои мо. Бе ҷурм дӯст пой зи мо даркашида боз, То худ чӣ гуфт душмани мо дар қафои мо. Бо ҳеч кас ҳикояти ҷавраш намекунам, Тарсам, ба гуфтугӯ кашад ин моҷарои мо. Мо дил ба дарди ҳаҷри зарурӣ ниҳодаем, Зеро ки фориғ аст табиб аз давои мо. Ҳар дам зи шавқи ҳалқаи занҷири зулфи ӯ Девона мешавад дили ошуфтаройи мо. Бар кӯҳ агар гузар кунад ин оҳи оташин, Бешак, бисӯзадаш дили сангин барои мо. Шояд, ки хуни дида бирезӣ, Убайд, аз он-к Ӯ мекунад ҳамеша харобӣ ба ҷойи мо.