Шӯрида кард шеваи он нозанин маро,
Шӯрида кард шеваи он нозанин маро,
Ишқаш халос дод зи дунёву дин маро.
Ғам ҳамнишини ман шуду ман ҳамнишини ғам,
То худ чиҳо расад зи чунин ҳамнишин маро.
З-ин сон, ки оташи дили ман шуъла мезанад,
То кай бисӯзад ин нафаси оташин маро?
Эй дӯстон, намедиҳад он зулфи беқарор,
То як замон қарор бувад бар замин, маро.
Аз дур дидамаш, хирадам гуфт: дур аз ӯ
Девона мекунад хиради дурбин маро.
Гар соя бар сарам фиканад зулфи ӯ даме,
Хуршед банда гардаду маҳ хӯшачин маро.
То чун Убайд бар сари кӯяш муҷовирам,
Ҳеч илтифот нест ба хулди барин маро.