Зи ҳад гузашт ҷудоӣ, зи ҳад гузашт ҷафо,
Зи ҳад гузашт ҷудоӣ, зи ҳад гузашт ҷафо,
Биё, ки мавсими айш асту оштию сафо.
Лабат ба хуни дили ошиқон хате овард,
Ғубор чист дигарбора дар миёнаи мо?
Маро ду чашми ту андохт дар балои сиёҳ
Вагарна ман киву мастию ошиқӣ зи куҷо?
Куҷо касе, ки аз он чашми турк вопурсад,
Ки ақлу ҳуши ҷаҳоне чаро кунӣ яғмо?
Зи зулфу холи ту дилро халос мумкин нест,
Ки зангиёни сиёҳаш намекунанд раҳо.
Дилам зи ҷаъди ту савдоиву парешон аст,
Бале, ҳамеша парешонӣ оварад савдо.
Убайд васфи миёну лаби ту мегӯяд,
Бибин, ки фикр чӣ борику нозук аст ӯро.