Бикушт ғамзаи он шӯх бегуноҳ маро,
Бикушт ғамзаи он шӯх бегуноҳ маро,
Фиканд себи занахдони ӯ ба чоҳ маро.
Ғуломи ҳиндуи холаш шудам, надонистам,
К-асири хеш кунад зангии сиёҳ маро.
Дилам ба ҷою димоғам салим буд, вале
Зи роҳи рафтани ӯ дил бишуд зи роҳ маро.
Ҳазор бор фитодам ба доми дидаву дил,
Ҳанӯз ҳеч намебошад интибоҳ маро.
Зи меҳри ӯ натавонам, ки рӯй бартобам,
Зи хоки гӯр агар бардамад гиёҳ маро.
Зи шавқи ӯ чу бимирам, зи нав шавам зинда,
Агар ба чашми иноят кунад нигоҳ маро.
Убайд, аз карами ёр бармадор умед,
Ки лутфи шомили ӯ бас умедгоҳ маро.