Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомиддин Убайди Зоконӣ
Низомиддин Убайди Зоконӣ

Соқиё, боз харобем, бидеҳ ҷоме чанд

Соқиё, боз харобем, бидеҳ ҷоме чанд, Пухтае чанд фурӯ рез ту бо хоме чанд. Сӯфию гӯшаи меҳробу накӯномию зарқ, Мову майхонаву дурдикашу бадноме чанд. Бода пеш ор, ки бар тарфи чаман хуш бошад Мутрибе чанду гуле чанду гуландоме чанд. Чашму лаб пеши ман овар, чу расад бода ба ман, То бувад нуқли маро шаккару бодоме чанд. Бода дар хона агар нест барои дили мо, Ранҷа шав, то дари майхона бинеҳ гоме чанд. Дар баҳои майи гулгун агарат зар набувад, Хирқаи мо ба гарав кун, биситон ҷоме чанд. Зикри саҷҷодаву тасбеҳ раҳо кун чу Убайд, Нашавӣ сайд бад - ин дона, бинеҳ доме чанд!