Пеш аз ин дар мулк ҳар соле маро
Пеш аз ин дар мулк ҳар соле маро
Хурдае аз ҳар каноре омадӣ.
Дар висоқам нони хушку таррае
Дар миён будӣ, чу ёре омадӣ.
Гаҳ-гаҳе ҳам бодае ҳозир шудӣ,
Гар надиме ё нигоре омадӣ.
Нест дар дастам кунун аз хушку тар,
З-он ки вақте дар шуморе омадӣ.
Ғайри ман дар хонаам чизе намонд,
Ҳам намондӣ, гар ба коре омадӣ.