Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: ғазал

Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Ман намехохам, ки чашми ғайр дар ту бингарад,

👁 0

Ман намехохам, ки чашми ғайр дар ту бингарад, Чашми бад ҳайф аст, к-андар рӯйи некӯ бингарад. Бод ҳар мӯйи мижа дар дида мили оташин, Гар ба нуқсон дар ҷамолат

Н
Носири Бухороӣ

Бо ту баробарӣ рухи ҳуру малак накард,

👁 1

Бо ту баробарӣ рухи ҳуру малак накард, Он кард чеҳраи ту, ки меҳри фалак накард. Аз шарқ то ба ғарб ба хубӣ ягонаӣ, Хуршед мулки худ ба касе муштарак накард.

Н
Носири Бухороӣ

Буроқи барқ азми осмон кард,

👁 0

Буроқи барқ азми осмон кард, Қатори пили ҷавҳаркаш равон кард. Фалак дилгарм шуд аз баҳри ғунча, Ҳаво аз абр гулро соябон кард.

Н
Носири Бухороӣ

Ишқ пайдо шуду ин роз ниҳон натвон кард,

👁 0

Ишқ пайдо шуду ин роз ниҳон натвон кард, Чун аён аст, дигар ҳеч баён натвон кард. Меравад дилбарам аз пешу равон дар пайи ӯ Чӣ бувад ҷони гиромӣ, ки равон натво

Н
Носири Бухороӣ

Гар чораи тақдир ба тадбир тавон кард,

👁 0

Гар чораи тақдир ба тадбир тавон кард, Қайди дили девона ба занҷир тавон кард. Гӯянд ба тақрир расон ҳолу дар ин ҳол Ҳоли дили саргашта на тақрир тавон кард.

Н
Носири Бухороӣ

Пири мо хирқаи худ дар гарави саҳбо кард,

👁 0

Пири мо хирқаи худ дар гарави саҳбо кард, Хешро боз ба пиронасарӣ расво кард. Дар ҳама дайр касе нест ба қаллошии мо, То кадом аҳли дил аз лутф назар дар мо кар

Н
Носири Бухороӣ

Ба дӯст аз дили мискин саломи мо кӣ барад?

👁 2

Ба дӯст аз дили мискин саломи мо кӣ барад? Бар остонаи васлаш паёми мо кӣ барад? Ҳикояти рухи гулгуни ту зи сели сиришк Ба сарви соявари хушхироми мо кӣ барад?

Н
Носири Бухороӣ

Мани ранҷурро уммеди васлаш зинда медорад

👁 2

Мани ранҷурро уммеди васлаш зинда медорад В-агарна дарди ҳаҷри ӯ маро як лаҳза нагзорад. Нагардад шоми ман равшан, намирад сӯзи дил, гарчи Зи оҳам меҷаҳад барқу

Н
Носири Бухороӣ

Зулфи мушкини ту занҷири балое дорад,

👁 3

Зулфи мушкини ту занҷири балое дорад, Баста ба ҳар сари мӯе сару пое дорад. Дӯст он нест, ки тобад сари паймон аз дӯст Дӯст он аст, ки бо дӯст вафое дорад.

Н
Носири Бухороӣ

Ба назди аҳли назар ҳар кӣ дидае дорад,

👁 4

Ба назди аҳли назар ҳар кӣ дидае дорад, Мудом дида зи рӯйи ту бар намедорад. Касе, ки дида ба дидори дӯст равшан кард, Ҳадиси таънаи душман ба гӯш мен-орад.

Н
Носири Бухороӣ

Лола аз оташи савдои ту доғе дорад,

👁 4

Лола аз оташи савдои ту доғе дорад, Ғунча аз бӯйи хушат тоза димоғе дорад. Гулшани чашми ман аз хуни ҷигар гулзор аст, Қомати сарви ту гар майл ба боғе дорад.

Н
Носири Бухороӣ

Чу чашмат ҳеҷ оҳуе надорад,

👁 2

Чу чашмат ҳеҷ оҳуе надорад, Ки чашмат ҳеҷ оҳуе надорад. Хиҷил шуд аз гули рӯйи ту лола, Ки ранге дораду бӯе надорад.

Н
Носири Бухороӣ

Васфи ту дар баён намегунҷад,

👁 3

Васфи ту дар баён намегунҷад, Бенишон дар нишон намегунҷад. То ту дар ҷони ман гирифтӣ ҷой, Ҷони ман дар ҷаҳон намегунҷад.

Н
Носири Бухороӣ

Чунон пур шуд дил аз дилбар, ки дил дар бар намегунҷад,

👁 2

Чунон пур шуд дил аз дилбар, ки дил дар бар намегунҷад, В–агар гунҷад дилам дар бар, дар ӯ дилбар намегунҷад. Агар парвонаи ишқӣ, дар оташ болу пар мезан, Ки ин

Н
Носири Бухороӣ

Дилам дар васли гулрӯе нагунҷад,

👁 2

Дилам дар васли гулрӯе нагунҷад, Хасак бо настаронбӯе нагунҷад. Аз он дастам ба зери сар сутун аст, Ки андар зери паҳлуе нагунҷад.

Н
Носири Бухороӣ

Ҳавоят дар димоғи ман нагунҷад,

👁 4

Ҳавоят дар димоғи ман нагунҷад, Хаёлат дар сари сӯзан нагунҷад. Ба зулфат дил набастам, з-он ки сагро Каманди шоҳ дар гардан нагунҷад.

Н
Носири Бухороӣ

З-он оташе, к-аз ҳаҷри ту ҳар дам ба ҷони ман фитад,

👁 3

З-он оташе, к-аз ҳаҷри ту ҳар дам ба ҷони ман фитад, Гар дам занам, хуршедро сад шуъла дар хирман фитад. Гуфтам шавам бо дарди ту яксон ба хоки раҳ, вале Ҳайф о

Н
Носири Бухороӣ

Занахдони ту гар ин аст, сад Юсуф ба чоҳ афтад,

👁 2

Занахдони ту гар ин аст, сад Юсуф ба чоҳ афтад, Назар бар қаддат андозанд, хубонро кулоҳ афтад. Чу зулфи туст бахти ман, аз он доим парешон аст, Надонам дар ҷаҳ

Н
Носири Бухороӣ

Гар партави хуршеди рухат бар қамар афтад,

👁 1

Гар партави хуршеди рухат бар қамар афтад, Маҳ зери қадамҳои ту чун хок дарафтад. Ман зарраи торикаму ту меҳри мунаввар, Равшан шавам, ар сӯи манат як назар афт

Н
Носири Бухороӣ

Рухат гул асту қадат сарву турраат шамшод,

👁 1

Рухат гул асту қадат сарву турраат шамшод, Чу шона дар сари зулфи ту бошам аз шам шод. Чу боди субҳ гузар кард дар чаман ғунча, Алассабоҳ ба дастон ҳазор дил би

Н
Носири Бухороӣ

Аз сабо гар дар сари зулфи ту чин хохад фитод,

👁 3

Аз сабо гар дар сари зулфи ту чин хохад фитод, Дил ки дар Ҳиндустон гум шуд, ба Чин хоҳад фитод. Гар насими бениёзӣ хоҳад аз кӯят вазид, Оташе дар рӯзгори куфру

Н
Носири Бухороӣ

Сад қатраи хун ҳар дам аз дидаи мо афтад,

👁 1

Сад қатраи хун ҳар дам аз дидаи мо афтад, Ушшоқи парешонро бингар, ки чиҳо афтад! Дил аз ҳаваси холат бар зулфи ту мепечад, Мурғ аз тамаъи дона дар доми бало аф

Н
Носири Бухороӣ

Диламро дар занахдонат раҳ афтод,

👁 3

Диламро дар занахдонат раҳ афтод, Қадам аз раҳ бурун зад, дар чаҳ афтод. Чу дар маҳтоб мерафтӣ хиромон Зи рӯят тоб дар рӯйи маҳ афтод.

Н
Носири Бухороӣ

То акси ту аз равзанаи дида дарафтод,

👁 3

То акси ту аз равзанаи дида дарафтод, Дар хонаи дил партави шамсу қамар афтод. Бисёр даровехт сабо бо сари зулфат, Мехост, ки берун ҷаҳад аз дом, дарафтод.

Н
Носири Бухороӣ

Ҷон бар лаби лаълаш чу магас бар шакар афтод,

👁 5

Ҷон бар лаби лаълаш чу магас бар шакар афтод, Бо васли ту дил чун шаббае дар гуҳар афтод. Кай даст занад дар камари суҳбати Ширин, Фарҳод, ки бо дарди фироқ аз

Н
Носири Бухороӣ
Саҳифаи 38 аз 96