Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ақле, ки зирак менамуд, аз ишқи ту девона шуд,
Ақле, ки зирак менамуд, аз ишқи ту девона шуд, Аз ошнову хешу кас якборагӣ бегона шуд. Дарди ту ҳар сӯ рахнае мекард дар бунёди дил, Вайрона кардаш ин замон, чу
Дар кӯи моҳрӯе поям ба гил фурӯ шуд,
Дар кӯи моҳрӯе поям ба гил фурӯ шуд, Сархайли некномон расвои шаҳру кӯ шуд. Эй сабри пойбарҷо, манзил ба кӯи ӯ кун, К-он дил ки буд вақте, акнун аз они ӯ шуд.
Сухани зулфи ту гуфтам, нафасам мушкин шуд,
Сухани зулфи ту гуфтам, нафасам мушкин шуд, Сифати лаъли ту кардам, даҳанам ширин шуд. Завқи Фарҳод кам аз лаззати Парвиз набуд, Ки ҳама талхии комаш зи лаби Ши
Ҳар кас, ки пеши тири маломат сипар нашуд,
Ҳар кас, ки пеши тири маломат сипар нашуд, Ҳаргиз миёни ҳалқаи ушшоқ сар нашуд. Завқи ҷафову лаззати пайкони ғам наёфт, Ҳар дил, ки захми тири балоро сипар нашу
Ҳуснаш хати девонагӣ бар дафтари мо мекашад,
Ҳуснаш хати девонагӣ бар дафтари мо мекашад, Моро зи хатти сабзи ӯ хотир ба саҳро мекашад. Шакли санавбар шуд дилам моил суи болои ӯ, З–он рӯ, ки сарви қоматаш
Ҳар кӣ бар абруву чашмат нигарон хоҳад шуд,
Ҳар кӣ бар абруву чашмат нигарон хоҳад шуд, Оқибат куштаи он тиру камон хоҳад шуд. Агар он рӯи дилорой нахоҳӣ пӯшид, Фитнаи оламу ошӯби ҷаҳон хоҳад шуд.
Сироти мо раҳи майхона бошад,
Сироти мо раҳи майхона бошад, Биҳишти мо рухи ҷонона бошад. На Тӯбо хуштар аз болои дилбар, На Кавсар беҳтар аз паймона бошад.
Саҷҷода чӣ кор ояду дастор чӣ бошад?
Саҷҷода чӣ кор ояду дастор чӣ бошад? Зар дар чӣ шумор ояду динор чӣ бошад? Қандил чӣ қадр ораду тасбеҳ чӣ қимат, Соғар чӣ зиён дораду зуннор чӣ бошад?
Касе, к-аз ишқ фонӣ шуд, чунин бошад, чунин бошад,
Касе, к-аз ишқ фонӣ шуд, чунин бошад, чунин бошад, Нишони мавҷ аз дарё ҳамин бошад, ҳамин бошад. Диле, к-ӯ ҷумла ҷон гардад, на он гардад, на ин гардад, Чу санг
Моро сари куфру ғами ислом набошад,
Моро сари куфру ғами ислом набошад, Ҷое, ки ҳама нанг бувад, ном набошад. Дар маҷлиси хосон дафу чангу маю соқӣ Хуш бошад, агар дарди сари ом набошад.
Ушшоқи туро дарди сари ом набошад,
Ушшоқи туро дарди сари ом набошад, Дар доираи сӯхтагон хом набошад. Дар боргаҳи ишқ хирадро набувад роҳ, К-он маҷлиси хос аст, раҳи ом набошад.
Дар пояш афканам сар, то дарди сар набошад,
Дар пояш афканам сар, то дарди сар набошад, Бо зулфи ӯ диҳам дил, то дил дигар набошад. Рӯзе ба ёди зулфаш гар шаб ба рӯз орам, Бояд ки ҷуз рухи ӯ шабро саҳар н
Ҳар кас, ки муқими дари хаммор набошад,
Ҳар кас, ки муқими дари хаммор набошад, Дар мазҳаби мо оқилу ҳушёр набошад. Гар илми яқин аст туро, айни яқин ҷӯй, К–он тоифаро кибр ба хирвор набошад.
Маро, ки нақши хаёли ту дар назар бошад,
Маро, ки нақши хаёли ту дар назар бошад, Чу баҳру кон садафи дида пургуҳар бошад. Агар ба соҳили чашмам хаёли ту гузарад, Зи мавҷи баҳр ҳамон беҳ, ки барҳазар б
Гар сарам хок шавад, дар кафи поят бошад
Гар сарам хок шавад, дар кафи поят бошад В-ар танам гард бувад, гарди ҳавоят бошад. Дили ман ҳаст барои ту, барои худ нест, Ҷон фидо бод дилеро, ки бароят бошад
Ману масҷид? Ҳама донанд, ки туҳмат бошад,
Ману масҷид? Ҳама донанд, ки туҳмат бошад, Кори ҳар тоифа бояд, ки ба нисбат бошад. Ман гадоям, ба ибодат нахарам боғи биҳишт, Дар атое, ки баҳо рафт, чӣ миннат
Моро, ки дил бар оташ аз ғам кабоб бошад,
Моро, ки дил бар оташ аз ғам кабоб бошад, Маҳрам пиёла гардад, ҳамдам шароб бошад. Ҳаргиз зи ганҷи ҳуснат доди дилам надодӣ, То кай зи чашми мастат олам хароб б
Чун зи кӯят ҳар саҳар бӯе ба гулшан мерасад,
Чун зи кӯят ҳар саҳар бӯе ба гулшан мерасад, Ғунчаро чоки гиребон то ба доман мерасад. Мо асири ҳаҷру доим дар висоли ту рақиб, Шоҳро ганҷу гадоро кунҷи гулхан
Гуфтам, ки даме биншин, то фитна набархезад,
Гуфтам, ки даме биншин, то фитна набархезад, Гуфто: Набувад ошиқ, к-аз фитна бипарҳезад. Гуфтам: Ҳама фитна аз заҳмати ҳиҷрон аст, Гуфто: Чӣ бувад хиҷрон, чун и
Ҳар кӣ мардона ба ишқ аз сари ҷон бархезад,
Ҳар кӣ мардона ба ишқ аз сари ҷон бархезад, Дар нахустин қадам аз ҳар ду ҷаҳон бархезад. Дар қиёмат, ки ба бӯйи ту шавад ҷон зинда, Танам аз ҷон ба вафои ту рав
Гар ба хунрезӣ он турки Хито бархезад,
Гар ба хунрезӣ он турки Хито бархезад, Чӣ савоб ояду он гаҳ чӣ хато бархезад. Қосиде нест, ки орад хабари дӯст ба дӯст, Магар ин дӯстӣ аз дасти сабо бархезад.
Чу ишқат чанги ғам дар ҷони ман зад,
Чу ишқат чанги ғам дар ҷони ман зад, Дил аз шодӣ равон ҷон доду тан зад. Ман аввал раҳбари ислом будам, Ба охир қавли мутриб роҳи ман зад.
Ғами олам махӯр, эй дил, ки олам ғам намеарзад,
Ғами олам махӯр, эй дил, ки олам ғам намеарзад, Ба ғамгин гаштани як дил ҳама олам намеарзад. Дурӯза умр дар олам чӣ бояд хӯрд чандин ғам? Ки андӯҳи фаровонаш б
Агар дилбар зи мо дил барнагирад,
Агар дилбар зи мо дил барнагирад, Дили ман ғайри ӯ дилбар нагирад. Агар зар дар миён набвад камарро, Миёни дӯстро дар бар нагирад.
Ҳаво расми гуҳар боридан овард,
Ҳаво расми гуҳар боридан овард, Гул ойини шакар хандидан овард. Магар зад бар дилаш пайкони ғунча, Ки булбул шеваи нолидан овард?!