Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Бо рухаш моҳи осмон чӣ бувад,
Бо рухаш моҳи осмон чӣ бувад, Зарра бо меҳр ҳамъинон чӣ бувад? Пеши чашмаш хадангро чӣ маҳал, Назди абрӯи ӯ камон чӣ бувад?
Мегузашту зи ҳаё чеҳра барафрӯхта буд,
Мегузашту зи ҳаё чеҳра барафрӯхта буд, Эй басо хона, ки аз оташи ӯ сӯхта буд. Чун камонхонаи абрӯ бикушод аз ғамза, Чашм дар дидаи соҳибназарон дӯхта буд.
Дар азал қиблаи ҷонҳо хами абрӯи ту буд,
Дар азал қиблаи ҷонҳо хами абрӯи ту буд, Рӯи ту сӯи дилу рӯи дилам сӯи ту буд. Пеш аз он рӯз, ки хуршеди фалак нур надошт, Олами ишқ мунаввар зи маҳи рӯи ту буд
Сари савдозадаам дӯш ба болини кӣ буд?
Сари савдозадаам дӯш ба болини кӣ буд? Ҳалқаи гӯши ман аз гесуи мушкини кӣ буд? Нуқли маҷлис ҳама шаб пистаи пуршӯри кӣ шуд? Ҷоми май бар даҳанам аз лаби ширини
Ишқи ту буд бо ману аз ман нишон набуд,
Ишқи ту буд бо ману аз ман нишон набуд, Меҳри ту буд дар дилу дил дар ҷаҳон набуд. Нақши ту дар хаёлу хаёл аз назар ҷудо, Номи ту бар забону забон дар даҳон наб
То нагуфтӣ сухане, нақши даҳон ҳеч набуд,
То нагуфтӣ сухане, нақши даҳон ҳеч набуд, То набастӣ камаре, шакли миён ҳеч набуд. То нахандид лаби лаъли ту бар гиряи ман, Дар тани хокии мо гавҳари ҷон ҳеч на
Ё Раб, ин дил ба куҷо рафту куҷо хоҳад буд?
Ё Раб, ин дил ба куҷо рафту куҷо хоҳад буд? Ҳар куҷо чашми хушу зулфи дуто хоҳад буд. Гар аз ин шева бувад меҳри туву ҷаври рақиб, Қосиду ҳамдами ман боди сабо
Пеш аз он к–ин шахси номавҷуди ман мавҷуд буд,
Пеш аз он к–ин шахси номавҷуди ман мавҷуд буд, Кӯи ёрам мақсаду рӯи туям мақсуд буд. Пеш аз он к–оби бақоро хушкрӯди тан бидид, Ҷоми май бар дастаму дар гӯш бон
Дӯш дар фикри ман он шакли қади боло буд,
Дӯш дар фикри ман он шакли қади боло буд, Назари ҳиммати ман аз тарафи боло буд. Дида мезад ҳама шаб нақши хаёлат бар об, Пеши соҳибназарон рози ниҳон пайдо буд
Риндони покрав, ки ба кӯрон асо диҳанд,
Риндони покрав, ки ба кӯрон асо диҳанд, Акнун зарурат аст, ки навбат ба мо диҳанд. Чун интиҳои ройи ту равшан намешавад, Ҳар кас нишон зи манзили васлат чаро ди
Он ду ҳабашизода, ки бар рӯй давонанд,
Он ду ҳабашизода, ки бар рӯй давонанд, Дар пой биафтанд, гар аз дида биронанд. Густохии ҳиндубачагон бин, ки ба шӯхӣ Доим зи раҳи дида суйи Рум давонанд.
Риндаму ошиқу девона ба овози баланд,
Риндаму ошиқу девона ба овози баланд, Айби маъбуд макун зоҳиду бар риш маханд. Завқи дайрам на чунон силсила меҷунбонад, Ки тавон доштанам сокини масҷид якчанд.
Абр мегиряд ба зорӣ, гул табассум мекунад,
Абр мегиряд ба зорӣ, гул табассум мекунад, Лола соғар медиҳад, булбул тараннум мекунад. Савти мутриб роҳи исломи халоиқ мезанад, Чашми соқӣ ғорати имони мардум
Чашми ту аз тири мижа ҳар сӯ шикоре афканад,
Чашми ту аз тири мижа ҳар сӯ шикоре афканад, Он турк дар як чашмзад кушта ҳазоре афканад. Дар ҳасрати он к–аз туам тире расад, ҷон медиҳам, Бар сайди лоғар тири
Дилам аз ҷоми ғамат неши бало нӯш кунад,
Дилам аз ҷоми ғамат неши бало нӯш кунад, Ҳамаро дарду маро дарди ту беҳуш кунад. Чун ба пешат накунам нола, ки булбул дар боғ, Ин маҳол аст, ки гул бинаду хомӯш
Аҳли назар, ки сӯхтагони балокашанд,
Аҳли назар, ки сӯхтагони балокашанд, Расми вафо раҳо накунанд, ар ҷафо кашанд. Онон, ки раҳравони вафоянд, аз мижа Сӯзан кунанду хори ҷафоро зи по кашанд.
Дар он рӯзе, ки хубон офариданд,
Дар он рӯзе, ки хубон офариданд, Туро бар ҷумла султон офариданд. Туро доданд тавқеъи саодат, Пас он гаҳ рӯҳи инсон офариданд.
Санги таъна ба сабӯям задаанд,
Санги таъна ба сабӯям задаанд, Табли бадномӣ ба куям задаанд. Кай фитад дар кафи ман домани васл?! Силии ҳаҷр ба рӯям задаанд.
Ошиқон мавсими гул хайма ба саҳро задаанд,
Ошиқон мавсими гул хайма ба саҳро задаанд, Боргаҳ бар суману лолаи ҳумро задаанд. Сокини маҷлисашон зуҳраву хуршеду маҳ аст, Соябонест, ки бар ганбади мино зада
Ҳар дида рухи хуби ту дидан натавонад,
Ҳар дида рухи хуби ту дидан натавонад, Ҳар кас сари зулфи ту кашидан натавонад. Хусрав лаби Ширин бигазад ҳамчу шакар, лек Фарҳод ҷуз ангушт газидан натавонад.
Ёр рафт аз дидаву дар дил бимонд,
Ёр рафт аз дидаву дар дил бимонд, Дил ба зери бор чун маҳмил бимонд. Давлати бедори ман чун даргузашт, Бахти хоболудро ғофил бимонд.
Ин ҷо ки манам, номаи дилбар кӣ расонад?
Ин ҷо ки манам, номаи дилбар кӣ расонад? Дар дӯзахи сӯзон нами Кавсар кӣ расонад? Гирам, ки дили ман чу кабӯтар парад он ҷо, Ин номаи маймун ба кабӯтар кӣ расон
Бо васли гул расидан булбул наметавонад,
Бо васли гул расидан булбул наметавонад, Лутфе кунад магар бод, бӯе ба вай расонад. Бар ҳар варақ чаманро бе ҳарф моҷароест, Ку ошиқе чу булбул, то нонавишта хо
Маҳ нав шуду он ёри сафаркарда наомад,
Маҳ нав шуду он ёри сафаркарда наомад, Маъшуқи ҷигархораи дилбурда наомад. Озод кунем аз пайи каффорати ӯ ҷон, К-он дилбари бадаҳди қасамхӯрда наомад.
Аз хаёли хубрӯён чашми мо бутхона шуд,
Аз хаёли хубрӯён чашми мо бутхона шуд, В-аз ғами занҷирмӯён ақли мо девона шуд. Ҳеч медонӣ, чаро саргашта гардад офтоб? З-он ки ӯ бар гирди шамъи рӯйи ту парвон