Шеърҳо бо теги: ғазал
Шеърҳои марбут ба теги «ғазал» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Риши қозӣ аз сари мино, биё, кан, соқиё,
Риши қозӣ аз сари мино, биё, кан, соқиё, То парӣ парвоз гирад з-ин мақоми тангно. То ба рағми муҳтасиб бар мо хуморе бишканӣ, Чеҳра гулгун созу бар каф соғари с
Мо раҳрави ишқему бигӯ ҷо-т куҷо?
Мо раҳрави ишқему бигӯ ҷо-т куҷо? Фармо, ки суроғе бикунем мо-т куҷо? Худ фидя диҳӣ дияти мо в-арна ба маҳшар Мақтули туро даъвиву исбот куҷо.
Гирди ҳар сар чун фалак гаштем бо пушти дуто,
Гирди ҳар сар чун фалак гаштем бо пушти дуто, Лаб ба дашномам кушуд, ин кор кард аз марҳабо. Доғи сад тадбирам асбоби таааллуқ кардааст, Дарди сар бас буд, нори
Бастарӯ меравӣ, эй шоҳиди мастона чаро?
Бастарӯ меравӣ, эй шоҳиди мастона чаро? Хотират ранҷа шуд аз мардуми ин хона чаро? Барқ дар пардаи фонуси ситамгор расад, Ки кунад шамъ ҷудо аз пари парвона чар
Боз ғам якбора омад хотири ранҷурро,
Боз ғам якбора омад хотири ранҷурро, Ваҳ, ки дар ин хона барпо кард боз ин шӯрро. Шӯри ин ваҳшатсаро мағзам чунон аз кор бурд, Бехабар, тарсам, ки монад наъраҳо
Фитад дар хун саҳар, чун шом бинад кушта ҷонамро,
Фитад дар хун саҳар, чун шом бинад кушта ҷонамро, Бигирад гардани най, нола гӯш орад фиғонамро. Ба доғат баъди мурдан чун наям аз сӯхтан фориғ, Кунад парвона аҳ
То ба кай дил хун кунӣ дар парда пинҳонӣ маро,
То ба кай дил хун кунӣ дар парда пинҳонӣ маро, Бисмилам якбора кун, хоҳӣ чу осонӣ маро. Донаи дилро ба зуннори муҳаббат бастаем, Ҳоҷати дигар набошад сабҳагардо
Ҷӯшад зи лаб табхолаҳо, бинам чу он бебокро,
Ҷӯшад зи лаб табхолаҳо, бинам чу он бебокро, Аз бас шунидам борҳо бераҳмии атрокро. Андар мазори майчашон биншон ниҳоли дигаре, Зеро нахоҳад ин замин ҷуз решаҳо
Дар ин бозича чун тифлон чаро ин хокбозиҳо?
Дар ин бозича чун тифлон чаро ин хокбозиҳо? Абас то чанд дорӣ ҳарза завқи лобасозиҳо? Расид айёми пирӣ, нури чашмат кам шуд, эй ғофил, Нашуд кам ҳирсу озат, беш
Бо мусҳафи рухсори ту хурдем қасамро,
Бо мусҳафи рухсори ту хурдем қасамро, Ҷуз мадди хаёлат накашам ҳеч рақамро. Ҷон дар пайи савдои ту аз хеш чунон рафт, Мушкил ки қиёмат барадаш хоби адамро.
Эй дил, нафсе аз ҳаваси хеш бурун о,
Эй дил, нафсе аз ҳаваси хеш бурун о, То монда нагардӣ, қадаме пеш бурун о. Чандон ки давидӣ, ба муроде нарасидӣ, Ҳиҷрат талаб, аз ваҳми бадандеш бурун о.
То ба кай созам тасаллӣ хотири ношодро,
То ба кай созам тасаллӣ хотири ношодро, З-оташи дил нола мехезад найи фарёдро. Хоки мо з-афсурдагиҳо қобили таъмир нест, Хона барбод аст охир мулки бебунёдро.
Арза расон, сабо, зи мо он маҳи гулъизорро,
Арза расон, сабо, зи мо он маҳи гулъизорро, Гӯ, ки ба ёд оварад мардуми дилфигорро. Аз чи гул аст хандавар, ғунча расида пардадар, Кист, ки мекунад саҳар як наз
Шуд чаман бишкуфта, эй шӯхи чаманоро, биё,
Шуд чаман бишкуфта, эй шӯхи чаманоро, биё, Меравад вақти тамошо, ҷилва сар то по, биё. Гул нигаҳ во кардаасту ғунча дар хун хуфтааст, Аз барои як назар бархезу
Гар ба ин шӯр аст ашки дидаи гирёни мо,
Гар ба ин шӯр аст ашки дидаи гирёни мо, Оламе дар об хоҳад рафт аз тӯфони мо. Ҳеч асрори азал маълуми Тӯри мо нашуд, Фикри мо гумроҳи мову ақли мо ҳайрони мо.
Эй дар хаёли рӯйи ту пурдоғ синаҳо,
Эй дар хаёли рӯйи ту пурдоғ синаҳо, Дар дил ниҳон зи оташи шавқат дафинаҳо. Бар кӯҳ агар ҳикояти ишқи ту бигзарад, Ҳайрат кашад зи домани санг обгинаҳо.
Эй номи ту ҳаловати ҷону забони мо,
Эй номи ту ҳаловати ҷону забони мо, Ширин бувад зи лаззати шаккар даҳони мо. Вомондагони ҷодаи дашти залолатем, Эй раҳнамо, ҳидояте бар корвони мо.
Эй ақлҳо зи ҳайрати дарки камоли ту
Эй ақлҳо зи ҳайрати дарки камоли ту Бишкаста бол дар раҳи фикру хаёли ту. Бас танг ҷост вусъати майдони коинот Дар пешгоҳи соҳати қудси ҷалоли ту.
Эй фалак, дод аз ҷафоят, дар чӣ ҳолам кардаӣ?!
Эй фалак, дод аз ҷафоят, дар чӣ ҳолам кардаӣ?! Рост будам чун алиф, монанди долам кардаӣ. Охир, эй гардун, задӣ санги маломат бар сарам, Зери пои бешуурон поймо
Бо лаби лаъли ту тӯтӣ накунад ҳамсуханӣ,
Бо лаби лаъли ту тӯтӣ накунад ҳамсуханӣ, Бигзарад пеши ту аз даъвии шаккаршиканӣ. Сунбули зулфи туро бод парешон созад, Бишканад анбари сороию мушки хутанӣ.
Ёди айёме, ки сӯйи мо хироме доштӣ,
Ёди айёме, ки сӯйи мо хироме доштӣ, Бо каф аз майхонаи алтоф ҷоме доштӣ! Аз баҳори оразат наззораам мечид гул, Чун нигаҳ дар хонаи чашмам мақоме доштӣ.
Эй ғунчаи хандони ман, аз бӯстони кистӣ?
Эй ғунчаи хандони ман, аз бӯстони кистӣ? В-эй душмани имони ман, аз дӯстони кистӣ?! Тире зада бар ҷони ман мижгони новакафканат, Эй турки тирандози ман, абрӯкам
Дилбарамро ҳаст, гӯё, сайри саҳро орзу,
Дилбарамро ҳаст, гӯё, сайри саҳро орзу, Лоларо бошад аз он доғи сувайдо орзу. Ҳар замон мадди нигаҳро рухсати наззора кун, Бошадат гар аз ҷамоли ӯ тамошо орзу.
Моҳи тамоми ман, ки манам мустаманди ту,
Моҳи тамоми ман, ки манам мустаманди ту, Мурғи дилам фитода ба доми каманди ту. Рафтори хеш кабки дарӣ тарк мекунад, Бинад агар хироми қади дилписанди ту.
Бурд диламро зи раҳ зулфи сумансои ӯ,
Бурд диламро зи раҳ зулфи сумансои ӯ, Кард шаҳиди нигаҳ наргиси шаҳлои ӯ. Гашта ба ҳам тавъамон аз хати килки азал Дасти ману доманаш, фарқи ману пои ӯ.