Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Гар ба ин шӯр аст ашки дидаи гирёни мо,

Гар ба ин шӯр аст ашки дидаи гирёни мо, Оламе дар об хоҳад рафт аз тӯфони мо. Ҳеч асрори азал маълуми Тӯри мо нашуд, Фикри мо гумроҳи мову ақли мо ҳайрони мо. Кай тавон дар парда монад рози мо пӯшида, кай, Чун саҳар чоки гиребон аст то домони мо. З-ин муаммо дил ба хун афтоду маънӣ во нашуд, К-аз чӣ рӯ ин гӯшаи вайрона шуд зиндони мо. Умрҳо бигзашт, тӯмори амал бинвиштем, Эй ҳавас, то кай нагирӣ даст аз домони мо. Он чи лаззатҳо зи неъматхорагиҳо бурдаем, Дардҳо берун кашид аз ҷавҳари дандони мо. Мо заифонем, кай хидмат зи мо сар барзанад, К-ӯ сазо бошад туро, эй ҳазрати султони мо. Ғоза бар рухсора аз ранги маосӣ кардаем, Эй пушаймонӣ, куҷоӣ, бош бо нисёни мо. Саҳл машмар, муҳтасиб, озори қалби бекасон, Нораво озори мо пайдост аз фармони мо. Сарсарӣ магзар зи ҳарфам ҳамчу ғофилмашрабон, Як қалам баста-ст мазмун мисраи девони мо. Ҳоҷӣ, мо ҳам дидаи исфед пайдо кардаем, Мерасад охир башире низ дар Канъони мо.