Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Эй дар хаёли рӯйи ту пурдоғ синаҳо,

Эй дар хаёли рӯйи ту пурдоғ синаҳо, Дар дил ниҳон зи оташи шавқат дафинаҳо. Бар кӯҳ агар ҳикояти ишқи ту бигзарад, Ҳайрат кашад зи домани санг обгинаҳо. Вомонда ақл дар раҳи фаҳми камоли ту, Афтода зан(н) ба пояи даркат зи зинаҳо. Фазлат баҳори хуррами асҳоби дӯстӣ, Адлат хазони гулшани арбоби кинаҳо. Андар диёри бекасӣ ишқат нуҳуфтааст, Сад кӯҳи ғам ба домани гардам хазинаҳо. Дилмондаем, эй ҳавас, саъйи фиреб чанд, З-ин иқдҳои луълуи дасти заринаҳо. Ҳоҷӣ куҷову утбаи рукну мақоми ту? Маҳмил ҷудо шикастааш дар раҳ сафинаҳо.