Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Эй номи ту ҳаловати ҷону забони мо,

Эй номи ту ҳаловати ҷону забони мо, Ширин бувад зи лаззати шаккар даҳони мо. Вомондагони ҷодаи дашти залолатем, Эй раҳнамо, ҳидояте бар корвони мо. Аз обёри файзи худ сероб гар кунӣ, Пажмурдагӣ самар диҳад дар бӯстони мо. Аз навбаҳори марҳамат абри наволро Фармо, ки то хазон барад аз гулситони мо. Рӯзи забон гирифтани ҳайрат намоиям, Бикшо забон зи раҳмату кун тарҷумони мо. То кай ба тирагӣ дили зангошнои ман, Эй шустушӯ, таҳорате андар ҷинони мо. З-ин фитнаҷо нишонаи тири бало шудем, Худ гӯ, куҷост балдаи доруламони мо. Пӯшида нест пеши ту асрори коинот, Ойинаест пардаи айби ниҳони мо. Мо худ ҷаҳулу сархати авсофи мо залум, Фазлат агар на нест, чи суд имтиҳони мо. Ҳоҷӣ, шикастамаҳмили байдои кӯйи туст, Шояд бигӯйӣ бандаи мо, нотавони мо.