Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Эй ақлҳо зи ҳайрати дарки камоли ту

Эй ақлҳо зи ҳайрати дарки камоли ту Бишкаста бол дар раҳи фикру хаёли ту. Бас танг ҷост вусъати майдони коинот Дар пешгоҳи соҳати қудси ҷалоли ту. Ҳафт ошёни дӯзахи пурмор бо накол Як ҳуфрае зи маҳбити қаҳру ҷалоли ту. Андар шитоб рӯзу шаб аз ҳар чи мераванд, Нуҳ тавсанон зи даҳшати савти ҷалоли ту. Бар моҳу хур, ки доимо ин нур медиҳанд, Як партаве битофт зи шамъи ҷамоли ту. Зарроти коинот ҳама бол мезананд Дар офтоби равзани байтулвисоли ту. То аз бухори файзи ту сероб шуд саҳоб, Хуррам намуда домани дашту ҷиболи ту. Бинмуда лутфи оми ту Хизри баҳорро Хизрилибосу ғунчаро хушбӯ шамоли ту. То лутфи ту зи сунбули хатнӣ алаф бидод, Мушкин шуда машимаи нофи ғизоли ту. Дар дидае, ки аз раҳи ихлос бингарад, Пур бебаҳост гавҳари сангу сафоли ту. Эй мунъиме, ки нотиқа з-эҳсои неъматат Лакнатзабон зи ҳайрату вомонда лоли ту. Ҳоҷӣ ба тавфи Каъбаву Мино, ки меравад, Он даргаҳест ин гадо созад суоли ту.