Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Шуд чаман бишкуфта, эй шӯхи чаманоро, биё,

Шуд чаман бишкуфта, эй шӯхи чаманоро, биё, Меравад вақти тамошо, ҷилва сар то по, биё. Гул нигаҳ во кардаасту ғунча дар хун хуфтааст, Аз барои як назар бархезу бепарво биё. Бо тағофул то ба кай андар таманно мурдаем, Зиндагӣ маҳрум кардӣ, бар мазори мо биё. Мо шаҳидонем, дар роҳи вафо хун гаштаем, Хунбаҳо як ҷилва мехоҳад қазо, танҳо биё. Чашмасори дидаи мо ҳам тамошо карданист, Як даме бар интизори мо қадам фармо, биё. Ин аҷаб бар кулбаи ғаммансабон гар нагзарӣ, Партави меҳр аст яксон бар ҳама ашё, биё. Ҳоҷӣ меҷӯяд туро дар домани шабҳои тор, Шоми ӯ равшан кунӣ, эй моҳи хурсимо, биё.