Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Арза расон, сабо, зи мо он маҳи гулъизорро,

Арза расон, сабо, зи мо он маҳи гулъизорро, Гӯ, ки ба ёд оварад мардуми дилфигорро. Аз чи гул аст хандавар, ғунча расида пардадар, Кист, ки мекунад саҳар як назар ин баҳорро. Турки сиёҳҷурдаро масти майи карашма кун, То ки зи ғамза бишканад бар дили ман хуморро. Матлаби мо шаҳодат аст, хез камони ишва гир, То ҳадафи камон кунӣ қолаби бемадорро. Зулфи сиёҳи анбарин ҳалқа намо шикан-шикан, Бастаи дому дона кун, ваҳшати ин шикорро. Аз сари ноз, эй парӣ, рӯй чаро нуҳуфтаӣ, Боз кунам бар рӯйи кӣ дидаи интизорро? Кай ҳаваси хароби ман фарбеҳи ҳарзанозияст, Теғи сиёсатат магар раҳ бизанад фирорро. Хез самои шавқ кун, чанд шавӣ ба офият, Замзамаи видоъ гӯ олами эътиборро. Чанд ҳазор чун туе хуфтаи ин сарочаанд, Пас ту бинои нав кунӣ гунбади ин мазорро. Саъйи зиёрати ҳарам Ҳоҷӣ кунад, валек ӯ, Хоҳад аз ин бинову дар молики хонадорро.