То ба кай созам тасаллӣ хотири ношодро,
То ба кай созам тасаллӣ хотири ношодро,
З-оташи дил нола мехезад найи фарёдро.
Хоки мо з-афсурдагиҳо қобили таъмир нест,
Хона барбод аст охир мулки бебунёдро.
Дар бисоти сурати иншои рахт аз оҷизӣ
Мечакад ранги хиҷолат аз қалам Беҳзодро.
Дар чаман гар қоматат аз ноз созад ҷилвае,
Медиҳад таълими хубӣ ножуву шамшодро.
Зоҳид аз майхона берун шав, ки аз камфитратӣ
Обрӯ барбод кардӣ ин ҳама шайёдро.
Он қадар кулфат, ки аз бахти забун бар мо гузашт,
Панҷаи чап мешуморад, гар кунам теъдодро.
Ҳиммат он ҷо баста гардад, нотавонӣ ҳам балост,
Бесутун ларзад ба худ, гар бишнавад Фарҳодро.
Ҳоҷӣ, мо дар мактаби ишқему ғам устоди мост,
Кай диҳад дар иди наврӯзам хатти озодро.