Эй дил, нафсе аз ҳаваси хеш бурун о,
Эй дил, нафсе аз ҳаваси хеш бурун о,
То монда нагардӣ, қадаме пеш бурун о.
Чандон ки давидӣ, ба муроде нарасидӣ,
Ҳиҷрат талаб, аз ваҳми бадандеш бурун о.
Дар косаи гардун асалу заҳр сириштанд,
Аз нӯш гузар в-аз алами неш бурун о.
Эй нанги саодат, чи қадар банди ҳавоӣ,
Бишкан бути худрову аз ин кеш бурун о.
Ташвиш шуморанд ҳама хоҷасароён,
Роҳат талабӣ, аз каму аз беш бурун о.
Он пашми кулоҳе, ки аз ӯ зинати шоҳист,
Мӯят беҳ аз он аст, зи думи меш бурун о.
Ҳоҷӣ, ба тавофи ҳарами муҳтарами дил
Зоде ба бағал аз ҷигари реш, бурун о.