Бо мусҳафи рухсори ту хурдем қасамро,
Бо мусҳафи рухсори ту хурдем қасамро,
Ҷуз мадди хаёлат накашам ҳеч рақамро.
Ҷон дар пайи савдои ту аз хеш чунон рафт,
Мушкил ки қиёмат барадаш хоби адамро.
Дил майл надорад ба касе, турфа ҳикоя,
Ҳарчанд ки аз дасти ту дидаст ситамро.
Фарёд, ки арвоҳи шаҳидони ту аз раҳ
Тороҷ кунад қофилаи ранҷу аламро.
Бар лавҳи азал котиби қудрат чу навишта,
Ӯ васфи рухат буд, шикофид қаламро.
Чун кор шуд аз даст, тапидан чи хаёл аст,
Мурғе, ки қафас шуд, чи кунад шӯхии рамро.
Хосияти таҳқиқ зи тақлид наёяд,
Аз фалс нашояд ки кунӣ кори дирамро.
Бологузари мардуми бефазл ҳаром аст,
Дар Каъба шикаст аз чи набӣ ҷумла санамро.
Ибрат ҳама ин аст, ки, Ҳоҷӣ, сафи мӯрон
Аз хок бароранд бурун парчами Ҷамро.