Дар ин бозича чун тифлон чаро ин хокбозиҳо?
Дар ин бозича чун тифлон чаро ин хокбозиҳо?
Абас то чанд дорӣ ҳарза завқи лобасозиҳо?
Расид айёми пирӣ, нури чашмат кам шуд, эй ғофил,
Нашуд кам ҳирсу озат, беш дорӣ ҳарзатозиҳо.
Дар ин маҳфил зи шамъ, эй бехабар, ибрат намегирӣ?
Ки меояд ба по охир сар аз гарданфарозиҳо.
Камоли эьтибор андар либоси бандагӣ бошад,
Рухи Маҳмудро фарши қадам созад Аёзиҳо.
Чи сангин хотире дорӣ, ғарибонро намепурсӣ,
Фаромӯшат чаро якбора бошад дилнавозиҳо.
Зи атвори накӯ абнои даврон ғадрҳо дорад,
Далели зан бувад дар рӯза хӯрдан бенамозиҳо.
Баҳори нотавонӣ рангу бӯйи эманӣ дорад,
Ҳалоки доми сайёд аст хирсиву гурозиҳо.
Чи сон Ҳоҷӣ баёни ҳолу арзи муддао гӯяд,
Ки гӯяд ӯ камоли нозу авҷи бениёзиҳо.