Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Ҷӯшад зи лаб табхолаҳо, бинам чу он бебокро,

Ҷӯшад зи лаб табхолаҳо, бинам чу он бебокро, Аз бас шунидам борҳо бераҳмии атрокро. Андар мазори майчашон биншон ниҳоли дигаре, Зеро нахоҳад ин замин ҷуз решаҳои токро. Ганҷе ниҳон дар зери гил кардем, з-ӯ дил гавҳарест, Пеш о ба ҳурмат баъд аз ин, гар бигзарӣ ин хокро. Иззат хасисонро ситам бошад ба равшангавҳарон, Резад рамад бар дида, чун гирад ба худ хошокро. Зоҳид, бигӯ, андар куҷо дидӣ, ки суннат бошад ин, Баҳри фиреби мардумон бар сар занад мисвокро. Мумкин агар Рӯҳулқудус бо бахти мо ёрӣ кунад, Як сӯ шавад аз рӯйи мо захми назар афлокро. Ҳоҷӣ, Масеҳоро нафас бар мурда ҷон бахшид, лек Таълими инсонӣ накард мардони беидрокро.