Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

То ба кай дил хун кунӣ дар парда пинҳонӣ маро,

То ба кай дил хун кунӣ дар парда пинҳонӣ маро, Бисмилам якбора кун, хоҳӣ чу осонӣ маро. Донаи дилро ба зуннори муҳаббат бастаем, Ҳоҷати дигар набошад сабҳагардонӣ маро. Шиква аз даврон надорам, гила аз афлок не, Мерасад зишту накӯ аз нақши пешонӣ маро. Аз мурувват нест, умре рух бар ин дар судаем, Дар дами пиронагӣ аз хеш меронӣ маро. Мо – асиронро чи бошад ғайри фармонпарварӣ, Ихтиёри туст, ронӣ ё ки мехонӣ маро. Ҳамчу Маҷнун набвад андар водии ҳиҷрони ту Шонае бар фарқи сар ғайр аз парешонӣ маро. Ҳоҷӣ, андар тангнои шаҳри имкон мондаем, Сахтҷонӣ кард охир шахси зиндонӣ маро.