Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Фитад дар хун саҳар, чун шом бинад кушта ҷонамро,

Фитад дар хун саҳар, чун шом бинад кушта ҷонамро, Бигирад гардани най, нола гӯш орад фиғонамро. Ба доғат баъди мурдан чун наям аз сӯхтан фориғ, Кунад парвона аҳроми тавофи хокдонамро. Зи маншури карамно он қадар болидааст фарқам, Ки натвонад ҳумо умре расидан остонамро. Аз ин вазъи хамидан қоматамро сахт ҳайронам, Магар торе фитод аз абруяш дар пай камонамро. Ба ранги нақши по дар раҳгузораш он қадар хуфтам, Ки шуд аз интизориҳо сафедӣ устухонамро. Зи юмни саҷдаат гулчиние дорад ҷабини ман, Ки бинад сад баҳорон хиҷлати реги хазонамро. Зи бемеҳрии даврон он қадар афсурда гардидам, Арақ гардад ба рангу ғола дар таб устухонамро. Машав мӯйи димоғи нола аз беҳуда пурсидан, Бигир аз доғҳои лола ранги имтиҳонамро. Нагаштам эман аз бедоди ӯ, Ҳоҷӣ, агарчанде Намуд изҳор бар лавҳи қамар хатти амонамро.