Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Боз ғам якбора омад хотири ранҷурро,

Боз ғам якбора омад хотири ранҷурро, Ваҳ, ки дар ин хона барпо кард боз ин шӯрро. Шӯри ин ваҳшатсаро мағзам чунон аз кор бурд, Бехабар, тарсам, ки монад наъраҳои сурро. Имтиҳони ишқ набвад ҷуз дар оташ пар задан, Мезанад чашмак шарар аз ҳар ғуборе Тӯрро. Бетамизонро мурувват бо газанд олуда аст, Дар лаби домони шаб барбастаанд кофурро. Дар илоҷи заҳри исён тавба дорад арзи ноз, Мечакад шаҳд аз сари неши ситам занбӯрро. Корвони рафта кай сози асар гум кардааст, Мӯ канӣ аз чинӣ, мехезад фиғон фағфурро. Рамзи дарёро тавон фаҳмид аз тарсоҳилӣ, К-ин ҷароҳат аз фузунӣ мечакад носурро. Ҳифзи асбоб олами асбобро бошад зарур, Беасоӣ сарнагун дар чоҳ орад кӯрро. Гар набастӣ кӯрии ғафлат нигоҳи ибратат, Ҳар табассум хандае будӣ лабони гӯрро. Пардаҳои сози мо, Ҳоҷӣ, зи ҳам хоҳад гусехт, Мехарошад сахт беҷо нохун ин танбӯрро.