Бастарӯ меравӣ, эй шоҳиди мастона чаро?
Бастарӯ меравӣ, эй шоҳиди мастона чаро?
Хотират ранҷа шуд аз мардуми ин хона чаро?
Барқ дар пардаи фонуси ситамгор расад,
Ки кунад шамъ ҷудо аз пари парвона чаро?
Сухани сарди рақибон ба таҳи гӯш кунӣ,
Ҳарфи моро биниҳӣ туҳмати афсона чаро?
Айбҷӯӣ сабаби бори табаҳкорон аст
В-арна маҳрам ба сари зулф бувад шона чаро?
Обрӯ гар набарад бар дари ҳар хона шудан,
Роҳ гирад ба гадоён саги бегона чаро?
Ҳоҷӣ, дил дар шикани зулфи бутон монд асир,
Тӯтиро силсила чун мардуми девона чаро?.