Гирди ҳар сар чун фалак гаштем бо пушти дуто,
Гирди ҳар сар чун фалак гаштем бо пушти дуто,
Лаб ба дашномам кушуд, ин кор кард аз марҳабо.
Доғи сад тадбирам асбоби таааллуқ кардааст,
Дарди сар бас буд, нори сандал омад ҷабҳасо.
Зинҳор, аз инфиоли ишқ пеши мо магӯ,
То наяндозӣ арақ дар ҷабҳаи ахгар маро.
Васфи мо чун соя андар шеваи ҳамвор нест,
Сад қадам фарсуд моро, ҷилва омад зери по.
Устухони мо сафед аз интизори ҷилва аст,
Соз падруд, эй азиз, аз баҳри моён Мисрро.
Бар ғуборам домани нози кӣ шӯр афкандааст,
Сурфаи оромро баста-ст бар дӯши ҳаво.
Ин қадар бегона дар чашми замон аз кистам?
В-аз забоне бар ғалат номам наёмад ошно.
Рӯй овар дар миён, қатъи низои мо бикун,
З-он ки гӯяд ханда: мерав, ғамза мегӯяд: чаро?
Гулшани пажмурдаи мо ҳам тамошо карданист,
Бар ба кӯйи дӯст аз мо ҳам паёме, эй сабо.
Кӯшиши мо, Ҳоҷӣ, азбас норасо афтодааст,
Саъйҳо масруф шуд дар марказе чун осиё.