Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Мо раҳрави ишқему бигӯ ҷо-т куҷо?

Мо раҳрави ишқему бигӯ ҷо-т куҷо? Фармо, ки суроғе бикунем мо-т куҷо? Худ фидя диҳӣ дияти мо в-арна ба маҳшар Мақтули туро даъвиву исбот куҷо. Аз шарбати тимори ту сармаст чунонем, Ёдам набарад сӯйи харобот, куҷо? Як бӯса зи нақши қадамат мултамасам ҳаст, Лекин набарам пай, асари по-т куҷо. Чун Тӯр яке ҷилваи ту дод ба бодам, Ёбад дигарам шӯхии офот куҷо. Ман ҳам ба ғалат меҳр бар абнои замона, З-ин рӯтурушон ҳусни мулоқот куҷо. Ҳоҷӣ ба ҳарам рафту надонист аз он гашт, Манзил ба куҷо будану маъво-т куҷо.