Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Риши қозӣ аз сари мино, биё, кан, соқиё,

Риши қозӣ аз сари мино, биё, кан, соқиё, То парӣ парвоз гирад з-ин мақоми тангно. То ба рағми муҳтасиб бар мо хуморе бишканӣ, Чеҳра гулгун созу бар каф соғари саҳбо, биё. Дарду ғам аз ту чу ман, гӯйӣ, аламҳо дидаанд, К-ин қадар аз ту гурезонанду бар ман ошно. Мо – асирон боли парвози халосӣ бастаем, Байза гар бишкастаам, хамёза дорад домҳо. Дил кунам холӣ, нафас ку, пас ту, эй девонагӣ, Шишаам бар санг зан, шояд дамад аз вай садо. Оламе ойина дар дастанду он ҳусни ғаюр То киро ойина аз аксе кунад равшан зиё, Гар мурувват риштаи сози тағофул нагсалад, Рабти қонуни фиғон бар сур мебандад наво. Баҳри қатли мо – асирон ханҷаре даркор нест, Фурсати мо мешуморад хешро бо як адо. Домани роҳат куҷо гирем дар иқлими даҳр, Панҷаи мо бастааст аз ранги нокомӣ ҳино. Чун шарар равшан нашуд ҳеч аз чароғи зиндагӣ, Ҷуз раҳи саҳрои маъдумиву зулмоти фано. Ҳоҷӣ, мо аз корвони бахт дур афтодаем, Бас бувад, гоҳе расад бар гӯшам овози даро.