Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Эй номи ту туғрои ҷабин кӯҳи Яманро,

Эй номи ту туғрои ҷабин кӯҳи Яманро, Аз лутфи ту ҳар қатра гуҳар баҳри Аданро. Фахрам, ки қалам рӯзи азал карда мувашшаҳ, Аз номи ту сарномаи бадномии манро. Бо зишту накӯ шеваи инъоми ту ом аст, Гултоҷи сари хор кунад сабза чаманро. Бо мурғи дилам шеваи шавқи ту чиҳо кард, Пар зад ба ҳавои туву бигзошт ватанро. Бо доғи ту мурдем, ки ҳар субҳ баромад Аз турбати мо лола ба хун карда кафанро. То арбадаи талхи аламҳот баромад, Пистони мурувват ба лабон рехт лабанро. Чун субҳ нахустин нафасе то ки кашидем, Аз ваҳшати айём даридем чаканро. Ҳоҷӣ накунад ҷуз арақ аз шарми маосӣ, Як тавба ба лаб нест чун ин тавбашиканро.