Муқими хонаро роҳат расад музди нишастанҳо,
Муқими хонаро роҳат расад музди нишастанҳо,
Расад дар кулбаи ойина сурат бе давиданҳо.
Зи бемағзӣ ҳубобосо дар ин ҷо худнамоёнро
Ба зери гунбади дастор нопайдост гарданҳо.
Бадон аз ихтилоти некувон шириннамо бошанд,
Шавад дӯғи туруш, чун шир танҳо шуд зи равғанҳо.
Ба чашми танги мардум аз заифӣ метавон рафтан,
Ки ғайри риштаро раҳ нест дар сӯфори сӯзанҳо.
Тамошои ҷаҳону навбаҳори зиндагӣ дидан
Намеарзад ба як дам аз хазони фасли мурданҳо.
Ғурур ин ҷо чу хоки дар ҳаво охир замингир аст,
Адаб фармо, ки бишкастанд фарқи шерафканҳо.
Амон омодаи домони дашти бакасӣ бошад,
Ба танҳоӣ гурез, эй тан, аз ин бисёр тан танҳо.
Таку този ҷаҳон тамҳиди арзи сад забон дорад,
Зи кишти нарду шатранҷ хӯшае натвон дуруданҳо.
Алойиқ ҳар қадар ташвишу кулфат ончунон бошад,
Фароғат кам кунад мардӣ, писандад касрати занҳо.
Ҷудо аз корвон чун донаи ашкам равон, Ҳоҷӣ,
Зи саъйи норасо бар хок афкандам чакиданҳо.