Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Гар аз ҷамол во кунад моҳам ниқобро,

Гар аз ҷамол во кунад моҳам ниқобро, Резад арақ зи ҷабҳаи ноб офтобро. Эй офтоб, орази гарми ту доғ кард Дар барги лола шабнаму дар гул гулобро. Ё Раб, чи кавкабе, ки зи нури ту мебарад Ҳар шаб фалак ба хирмани худ моҳтобро. Аз шоми ту шамол ба Чин то шамим бурд, Дар нофа баст Хито зи хато мушки нобро. Доғам зи ғам, ки кошки ҳангоми масъалат Дашном ҳам ба ваъдае гуфтӣ ҷавобро. Эй тоби зулф, то каям бетоб мекунӣ? Печӣ зи тоби орази он рӯй тобро. Боди сабо, ба гулшани он гулбадан равӣ, Гӯ арзи ҳоли хаставу чашми пуробро. Вақти баҳор меравад, соқӣ, ғанимат аст, Пеш о, пиёла гир, бипаймо шаробро. Ҳоҷӣ чи сон ба зурваи кӯйи ту раҳ барад, Гардун куҷову пар задан мушти туробро.