Ин қадар мову манӣ гашта ҳувайдо ин ҷо,
Ин қадар мову манӣ гашта ҳувайдо ин ҷо,
Дами назъест зи халқе шуда боло ин ҷо.
Неъмати моидаи чарх надорад намаке,
Луқмаи чарбу ширин, бодаи сафро ин ҷо.
Эътиборест ҷаҳон, дар ману мо меҷӯшад,
Ҷуз забон нест нишон аз пари анқо ин ҷо.
Одам аз гулшани қудс аст, вале ғунчасифат
Ҳикмате буд, дамид аз кафи ғабро ин ҷо.
Зи гаронгӯшии ҷуҳҳоли ҳасадандеша
Сухани ҳақ чу гуҳар рехт ба дарё ин ҷо.
Чашмдорам, ки шавад мункири арбоби камол,
Ба қиёмат нарасида, раду расво ин ҷо.
Хотири софзамирон ба дами сард магир,
Ки кунад тира нафас ҷурми мусаффо ин ҷо.
Ҳамчу ангушти шаҳодат ба кафи аҳли фаранг
Ҳоҷӣ беқадр шуд аз кинаи танҳо ин ҷо.