Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Баски дил афсурда шуд аз хотири ношоди мо,

Баски дил афсурда шуд аз хотири ношоди мо, Ҷуз забони сурмалесӣ нест дар фарёди мо. Аз самуми оҳи мо гардун самандархонаест, Ин қадар оташ, кӣ афкандаст дар бунёди мо? Суҳбати мо – бедилон ҳам холӣ аз таъсир нест, Бесутунро нақши Ширин аст дар Фарҳоди мо. Нотавонӣ он қадар моро зи по афкандааст, Мекунад дасти мадад парҳез аз имдоди мо. Вазъи тифлӣ то чиҳил аз хотири мо бар нагашт, Меравад ин кӯдаки бешарм то ҳафтоди мо. Пайкари мо аз нишони пойдориҳо барист, Ҳаст вайронӣ иморат дар харобободи мо. Дасту по бастем, нақди муддао ҳосил нашуд, Домро бедона барпо кардааст сайёди мо. Ҳоҷӣ, моро ишқ ҷуз таълими расвоӣ накард, Қазя гашта мунъакис дар мазҳаби устоди мо.