Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Ҳусайни Кангуртӣ
Ҳусайни Кангуртӣ

Набошад поси номуси вафо қалбошноиро,

Набошад поси номуси вафо қалбошноиро, Баҳори рангу бӯ набвад гули суратнамоиро. Замин муштоқи мушти устухони туст, эй ғофил, Кушода чун ҳумо минқору чанги сахтхоиро. Машав беҳуда дар банди қабову афсари шоҳӣ, Ба зери бори ӯ то нашканӣ дӯши гадоиро. Дили аҳли сафо гар хаста шуд, ислоҳ бипзирад, Шикасти шиша кай гирад, илоҷи мумиёиро. Ту, зоҳид, зуҳд кун, рамзи гуноҳу афв кай донӣ, Бубахшад нур ҷуз дар шоми зулмат рӯшноиро. Зи сӯзи дил агар созе ба конуни зуҳур ояд, Зи ҳайрат мегазад сӯрохи най ангушти ноиро. Маҷӯ осори некон аз сиришти зишти бадаслон, Ки ҳар нофе набахшад накҳати нофи хитоиро. Надоматфитратам, з-оғози тифлӣ ин амал дорам, Ки хӯрдам хуну кардам шеваи ангуштхоиро. Ҷаҳони санъатам, дар баҳри маънӣ гавҳарэҷодам, Вале ҳамчун садаф, Ҳоҷӣ, надонам худситоиро.